ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Сомонаҳои расмии баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз дастовардҳо иттилоъ медиҳанд ва ё аз қафомондагӣ?

Май 1, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» оид ба тартиб ва сатҳу сифати иҷрои Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет бо сарлавҳаҳои «Сомонаҳои расмии мақомоти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва Роғун чаро ба талабот ҷавобгӯ нестанд?» аз 12 апрели соли равон ва «Рушди Ҳукумати электронӣ. Суғд: Вазъи ногувори сомонаҳои расмии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он» аз 17 апрели соли 2023 мақолаҳои танқидӣ-таҳлилӣ чоп карда буд. Мутаассифона, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки сомонаҳои расмии онҳо ба талаботи Қоидаҳои ягона ҷавобгӯ нестанд, ягон вокуниш ба мақолаҳои нашршуда нишон надоданд, ба истиснои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Бӯстон, ки аллакай ба бозсозии сомонаи расмӣ шурӯъ кардааст.

Дар мақолаи навбатӣ сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Ҷомӣ, Вахш ва Кӯшониён мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Натиҷаи омӯзиш нишон дод, ки дар ин ноҳияҳо низ талаботи Қоидаҳои ягона риоя намешавад. 

Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон http://khuroson.tj/ аз ҷиҳати ороиш хеле заиф ба назар расида, гумон меравад онро  шогирди навомӯз ноуҳдабароёна ва ғайрикасбӣ омода кардааст.


Сомона аз бахшҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва рубрикаҳои раиси ноҳия (бо бахшҳои Тарҷумаи ҳол, Паёму табрикот, Суханрониҳо); мақомоти иҷроия (бо бахшҳои муовинони раиси ноҳия, Дастгоҳи раиси ноҳия, Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия); Мақомоти намояндагӣ; Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия; Хабарҳо ва Муроҷиати шаҳрвандон иборат буда, дар тарафи рости сомонаи расмӣ чунин матн ҷой дода шудааст (айнан оварда мешавад — А.С):

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ноҳияи Хуросон соли 1936 ашкил шуда, аз 28-уми апрели соли 1983 ба номи ноҳияи Илич, аз 12- уми марти соли 1992 номи Ғозималикро гирифта буд. Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004 ба ноҳияи Хуросон тағйир дода шудааст.


Маъмулан вақте ки акси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойҳои таъйиншуда гузошта мешавад, зери он унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» навишта мешавад. Аммо дар сомонаи расмии ноҳияи Хуросон унвони Пешвои миллат бе акси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ маъно дошта бошад, мо нафаҳмидем. Дар тарафи рости сомонаи расмии ноҳияи Хуросон унвони Пешвои миллат бе акси Президенти мамлакат навишта шуда, дар давоми матн (бе гузариши мантиқӣ, маъноӣ ва имлоиву услубӣ)  якбора маълумот оид ба таърихи ноҳия, бо хатоиҳои қоидаҳои забони тоҷикӣ оварда шудааст. Чунончӣ, ҳарфи «т» аз матн афтида, дигар қоидаҳои услубиву грамматикии забони адабӣ риоя нашудаанд. Чунин ҳолатро метавон танҳо бо гуфтори машҳури «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат» шарҳ дод.

Дар бахши хабарҳои сомонаи расмии ноҳияи Хуросон хабари охирин аз 14 сентябри соли 2022 гузошта шудааст. Дар бахши англисӣ хабарҳои АМИТ «Ховар» аз солҳои 2019 ва 2021 ҷойгир гардидаанд. Гӯё дар ноҳияи Хуросон давоми як соли охир ягон чорабинӣ, рӯйдод ва ё ҳодисаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ рух надода бошад. Ба ин сомона назар карда,  фикр мекунӣ, ки шояд “гардиши вақт” дар ноҳияи Хуросон муваққатан боз монда бошад?

Дар бахши «Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия»-и сомонаи расмии ноҳияи Хуросон талаботи дастрасӣ ба иттилоот нисбатан иҷрошуда ба назар мерасад. Дар ин бахш оид ба ҷамоатҳои деҳот, раисони он, мактабҳои ҷамоат, боғчаҳои кӯдакона, марказҳои саломатӣ, хоҷагиҳо маълумот гирд оварда шудааст, ки шоистаи таҳсин ба назар мерасад, воқеан ҳам «Офарин!». Умед дорем, ки маълумоти ин бахш кӯҳна набуда,  сари вақт навсозӣ карда шудааст:


Аммо дар дигар бахшҳои сомонаи расмӣ оид ба дастовардҳои ноҳия дар самт ва татбиқу иҷрои ҳидоятҳову супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ягон хабару гузориш ва мақолаву маълумот нест. Оид ба Стратегияи рушд ва дигар барномаҳои давлатӣ ҳарф намезанем, зеро дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон Стратегияву барномаҳои  рушди милливу маҳаллӣ ҷойгир нашудаанд. Вақте матн нест, дигар чӣ ҷойи гуфтан?

Ҳамсоя аз ҳамсоя гирад ранг…

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ https://jomi.tj  мисли сомонаи расмии ноҳияи Хуросон ба таври ғайрикасбӣ  ороиш дода шудааст. Сомонаи расмии ноҳия Сертификати муҳофизатӣ ва бахши англисии сомона ягон хабар надорад. Дар бахши русӣ хабарҳои агентии «Ховар» гузошта шуда,  аз руйдодҳои худи ноҳия ягон хабар нест.


Дар саҳифаи асосии сомонаи мазкур ягон гузоришу хабари матбуотӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нест:


Дар бахши хабарҳои сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маводи охирин аз 15 феврал, 26 январ, 20 январи соли 2023 гузошта шудааст:


Дар саҳифаи «Мақомоти иҷроия» ягон маълумот пешниҳод нашудааст,  саҳифа аз матн холӣ мебошад (аз ин ҳам чашм напӯшем, ки дар номи саҳифа низ ду хатоии имлоӣ ҷой дорад):


Дар бахши «Аксҳо» ба ҷойи манзараҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мақолаҳои таҳлилӣ ва хабарҳо аз агентии «Ховар» гузошта шудааст:


Ҳамин тавр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар баробари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон ба иҷрои Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет муносибати ғайри қобили қабул доранд. Ба андешаи мо,  чунин ҳолат бояд ташвишовар бошад!

На танҳо ғизо, балки иттилои дурусту саривақтӣ низ зарур аст

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён https://www.kushoniyon.tj дар муқоиса бо сомонаи расмии ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ беҳтар ба назар мерасад. Шояд масъулон ва маъмурони сомонаи расмии ноҳияи Кӯшониён дар ҳоли коркарди техникии сомона бошанд, зеро агарчӣ саҳифаи аввали сомона бо мавод таъмин шуда бошад ҳам,  саҳифаҳои дигари он  пурра нестанд. Бинобар ҳамин агар воқеан ҳам маъмурони сомонаи расмии ноҳияи Кӯшониён дар ҳолати навсозии сомона бошанд, пас хуб мешуд онҳо ба талаботи Қоидаҳои ягона такя кунанд ва сомонаи воқеан ҳам муосир ва ҷолибро ба  сокинони ноҳия ва вилоят пешниҳод созанд. Зеро бисёр бахшҳои сомонаи расмии мақомот умуман ба талаботи  Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет ҷавобгӯ нест ва такмилу навсозиро тақозо менамояд. Барои мисол, сомона бахшҳои русӣ ва англисӣ надорад. Маъмурони сомона вобаста ба талаботи рӯз дар мавзуи мубориза бо терроризм ва экстремизм мақолаҳои таҳлилӣ нашр кардаанд, вале бахши хабарии сомона навсозии ҷиддӣ талаб менамояд.


Масалан, чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд, аммо сомона  дар ин хусус ягон хабар нашр накардааст. Шояд масъулони сомонаи расмии мақомот аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои Хатлон бехабар бошанд ва ё бехабар мондаанд?

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Вахш http://www.vaksh.tj  ба дархостҳои чандинкарата ҷавоб надод ва кушода нашуд. Вақте мо таваҷҷуҳ кардем, маълум гардид, ки дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон http://khatlon.tj/somonahoi-rasmy суроғаи МИҲД ноҳияи Вахш ба забони англисӣ хато навишта шудааст http://www.vaksh.tj бинобар ин сомонаи расмии ноҳияи Вахш кушода нашуд. Баъд аз оне ки дар Интернет номи сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Вахш дуруст навишта шуд — http://vakhsh.tj сомона кушода шуд:


Афсӯс, ки паёмҳои охирини сомонаи мазкур аз 19 марти соли 2023 «Хайр кардан ҷавҳари имони мост», матни суханронии раиси ноҳия аз 23 феврали соли 2023 ва хабар аз 18 феврали соли 2023 мебошанд. Сомона бахшҳои русӣ ва анлисӣ надорад.

Набояд фаромӯш кард, ки дар асри пешрафти босуръати илму техника ва  ҳуҷумҳои иттилоотӣ таъмини дастрасии  сокинон ба иттилоъ, яъне  хабару маълумоти дақиқ, саривақтӣ ва  дурусте, ки  манфиатҳои миллиро ҳифз мекунад,  ниҳоят  муҳим аст.

Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 1, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд