ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. Иттиҳоди Аврупо стандарти истеҳсоли устувори кишоварзиро дар Тоҷикистон пеш мебарад

Май 25, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER Иттиҳоди Аврупо (ИА) ташаббуси Гурӯҳи кории миллии техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гузаронидани омӯзиши 5-рӯза оид ба стандарти GLOBAL GAP дастгирӣ намуд. Дар тренинг мутахассисони вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои консалтингии кишоварзӣ иштирок намуданд.

GLOBAL GAP стандарти байналмиллалӣ барои истеҳсолкунандагони кишоварзӣ мебошад, ки бехатарии ашёи кишт, аз қабили ғизо, тухмӣ ва маҳсулоти ниҳоиро таъмин мекунад.

Сертификатсия ба стандарти GLOBAL GAP аз ҷониби фурӯшандагон ва ширкатҳои бузурги хидматрасонии хӯрокворӣ дар саросари ҷаҳон эътироф гардида, барои деҳқонон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Он ба устувории истеҳсолоти кишоварзӣ тавассути ҳавасмандгардонии сарфаи об, ҳифзи хок ва истифодаи усулҳои ҳамгирошудаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон мусоидат хоҳад кард.

Тренинг маълумот ва фаҳмиши пурарзишро дар бораи талабот оид ба истеҳсоли бехатар ва устувор, таъмини баланд бардоштани сифат тавассути коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо стандартҳои бозорҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст, фароҳам овард.

Гурӯҳи тренерони сертификатсияшуда метавонанд минбаъд стандарти GLOBAL GAP-ро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ татбиқ намоянд, ба воридшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бозорҳои байналмилалӣ мусоидат кунанд, дар консолидатсияи маҳсулот ва дигар вазифаҳои фавриро  дар доираи Гурӯҳи миллии техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастгирӣ созанд.

Ҷорӣ намудани GLOBAL GAP дар Тоҷикистон сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзиро беҳтар мекунад, дастрасӣ ба бозорҳои навро афзоиш медиҳад ва таҷрибаҳои устувори соҳаи кишоварзиро пеш мебарад. Ин имкон медиҳад, ки даромади деҳқонон афзоиш ёбад, сармояи иловагӣ ҷалб ва иқтисодиёти мамлакат  мустаҳкам шавад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.

Май 25, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд