11 мутахассиси соҳаи нақлиёти Тоҷикистон дар Ҷопон таҷриба меомӯзад

Июнь 5, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август 11 мутахассиси соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар машғулиятҳо ба Ҷопон сафар хоҳад кард. Дар ин хусус дар ҷаласаи навбатии 5-уми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо, ки дар Вазорати нақлиёти мамлакат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорат, Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JICA», кормандони идораҳои хоҷагии роҳҳо ва муассисаҳои идоракунии роҳҳои минтақаҳо, мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд.

Роҳбари гурўҳ Хироши Мита оид ба корҳои анҷомдодашуда дар давоми 6 моҳ маълумот дода, гуфт, ки мутахассисон ин навбат бештар дар минтақҳои Суғд ва Ҳисор, роҷеъ ба тақвияти низоми идоракунии пулҳо, беҳтар кардани иқтидори он, тақвияти барномаи таълимии низоми рушди инсонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин соҳа машғулияту машваратҳо гузарониданд.

Гуфта шуд, ки дар давраҳои омӯзишӣ намояндагони идораҳои хоҷагии роҳҳои минтақаҳои Кӯлоб, Рашт ва Бадахшон фаъолона иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар муддати 20 рӯз 19 нафар мутахассисони соҳа аз Вазорати нақлиёт, идораю муассисаҳои тобеи вазорат, КВД ПЛИН ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар машғулиятҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби JICA ташкил гардида буд, дониши касбии худро такмил доданд.

Коршиносони Ҷопон иттилоъ доданд, ки тибқи дархости Вазорати нақлиёт машғулиятҳои омӯзишӣ дар оянда дар минтақаҳои Рашт, Кӯлоб ва Бадахшон ба роҳ монда мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард