16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон

Июнь 8, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 8 июни соли 2007 қабул гардидааст, 16 сол сипарӣ мешавад.Мавриди амал қарор гирифтани ин қонун имкон дод, то дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ манфиати аҳолии  мамлакат то андозае ҳимоя гардида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат намояд. Дар ин замина тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои пулии мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфта, анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросими гуногун қариб, ки  аз байн рафтааст.

Ба гуфтаи мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода,  хизмати умдатарини Қонуни мазкур дар он зуҳур меёбад, ки қонун пеш аз ҳама мафкураи мардумро дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дигар намуд.

«Аксарияти сокинони мамлакат имрӯзҳо бо қаноатмандӣ дар доираи талаботи қонун маъракаороӣ намуда, маблағҳои пасандозшударо ҳадафмандона ба манфиати оила ва таълиму тарбияи фарзандон сарф намуда истодаанд»,-изҳор медорад ӯ.

Набояд фаромӯш сохт, ки Қонуни танзим барои озоднамоии  сокинони мамлакат  аз маъракаҳои барзиёди  хурофотӣ хизмат менамояд ва  қисми зиёди маъракаҳои нолозим- оши саритахта, себегоҳина, бист, шашмоҳагӣ аз байн бурда, маъракаҳои ҳафт, чил ва солро  ба низоми муайян даровардааст.

Маъракаҳои фотиҳатӯй, сандуқбарон, раисталбон, чойгаштак ба пуррагӣ аз байн рафта, маъракаҳои домодталбон, фотиҳатӯй ба низоми муайян даровада шуд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат (4 июли соли 2013) изҳор доштанд: «Вақт ҳамчун ҳаками бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонуни бунёдӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд, манфиатҳои мардуми мамлакатро дар шароити ҷаҳонишавии фарогир ва буҳронҳои пайдарпайи молиявию иқтисодӣ, гармшавии иқлими сайёра ва хушксоливу камобӣ, болоравии мунтазами нархҳои маводи озуқа дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва умумибашарӣ ҳифз кард».

Агар матни қонунро бодиққат мутолиа намоед, ба хубӣ фаҳмидан мумкин аст, ки ибораҳои «ба таври ихтиёрӣ», «метавонад», «манъ намекунад», «ҳуқуқ дорад» вомехӯранд, ки гувоҳи дар доираи қонун озодона амал кардани соҳиби маърака мебошад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар баргузор кардани расму оинҳо озод аст. Ва метавонад маъракаҳои зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ барпо кунад ё накунад, яъне соҳибихтиёр аст.

Ба андешаи сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов,  қонуни номбурда касеро барои барпо намудани маъракаҳои анъанавӣ маҷбур намесозад. «Он дар гузаронидани маъракаҳо, расму оинҳо вижагиҳо дорад. Барои мисол, зодрӯз (моддаи 8 ) ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила баргузор карда мешавад. Зери мафҳуми «оила» хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешавад. Оилаи хурд метавонад хешу табори наздикро даъват намояд. Ба қатори хешовандони наздик ба ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл, фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ва ё тағои онҳо низ дохил мешавад. Дар рӯзи таваллуди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик ба талаботи қонун муқобил нест»,-изҳор медорад коршинос.

Бояд гуфт, ки сарфаю сариштакорӣ ва ҳимояи дороии мардум самараи Қонуни мазкур маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ то қабули Қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 85391 нафар шахси фавтида беш аз беш аз 2 миллиарду 175 миллион 762 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 490 сомонӣ ё 100 доллари ИМА) зарур меомад. Ҳоло бошад, Қонун шаҳрвандонро аз ин хароҷот озод намудааст. Агар ба ин маблағҳои сарфашуда ҷашни зодрӯзро илова намоем, тақрибан барои 4 миллион нафар аҳолие, ки зодрӯз таҷлил мекунанд, соле ба ҳисоби камтарин тахминан 490 сомонӣ сарф мегардид, ки дар маҷмӯъ, беш аз 1 миллиарду 960 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз байн рафтани танҳо маросими ҷумъагӣ ва ба низом овардани зодрӯз 4 миллиарду 135 миллиону 762 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарфа намудааст.

Коршиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оинҳо интишор шуд, ки он вақт қариб 80 фоизи сокинони мамлакат камбизоат буд.

«Фарҳанги динии мардум дар дараҷаи паст қарор дошт ва онҳо урфу одатҳои хурофотиро ҳамчун урфу одатҳои динӣ қабул намуда, байни ҳам дар барпо намудани маъракаҳои серхароҷот мусобиқа мекарданд, ки ин ҳолат боиси афзудани сафи камбизоатҳо гардид. Маблағҳои зиёд  сарфи маъракаҳои хурофотии сермасраф мегардид. Ҳамон вақт Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи Ислом торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст». Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон он солҳо ҳақиқатан гирифтори «беморӣ»-и урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ гардида буд ва ба таҳаввулоти фикриву иқтисодӣ, мафкуравию иҷтимоӣ ниёз дошт», — баён дошт З.Давлатов.

Аз ин бармеояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯли  16 соли амали худ дар ҳаёти мардуми мамлакат таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллӣ ба вуҷуд овардааст. Ва набояд фаромӯш сохт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал кардан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам бар фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор кард. Чун зиндагии ободу осуда мехоҳем, пас, биёед исрофкор набошем ва қабл аз ҳама қонунро риоя намоем!

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 8, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд