229 хонанда дар Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи коргарҷавонони «Ромит» ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Июнь 19, 2023 11:50

ДУШАНБЕ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи коргарҷавонони «Ромит»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 229 нафар хонанда дар басти аввал ба истироҳат фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.

15 июни соли равон бо иштироки масъулини Федератсияи исттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, хонандагон ва волидайни онҳо маросими кушодашавии лагерҳои истироҳатӣ барои мактаббачагон доир гардид, ки дар ин қатор 229 нафар наврасон барои бофароғат гузаронидани давраи таътили тобистона ба истироҳатгоҳи коргарҷавонони «Ромит» омаданд. Истироҳатгоҳи мазкур дар як вақт метавонад беш аз 250 нафарро ба истироҳат фаро гирад.

Ҳуҷраҳои барҳаво ҷиҳати истироҳати наврасон бо тамоми шароити лозима муҳайё буда, китобхона бо адабиёти гуногуни бадеӣ дар ихтиёри гурўҳи истироҳаткунандагон қарор доранд.

Ошхонаи барҳаво бо 4 вақт хўроки гарм аз имконоте мебошад, ки барои истироҳаткунандагон муҳайё гардидааст. Назорати солимии истироҳаткунандагон дар мадди аввал қарор дошта, мутахассисони соҳаи тандурустӣ пайваста аз саломатии онҳо бохабар мешаванд. Ҳавзҳои шиноварӣ ҳам дар истироҳатгоҳ мавҷуд буда, хонандагон зери назорати мутахассисон имкон доранд ин навъи варзишро аз худ намоянд. Майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол, волейбол, тениси рӯйи миз ва дигар намудҳои варзиш бо шароити хуб дар ихтиёри онҳо қарор дорад.

Бояд гуфт, ки хатсайри Душанбе — Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи коргарҷавонони «Ромит»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 км-ро дар бар мегирад.

Ромит яке аз маконҳои зебову дилрабои як гӯшаи Тоҷикистон буда, рӯз то рӯз ободу зебо мегардаду барои истироҳату фароғат макони дилфиреб мебошад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2023 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд