35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони 226 иншоот пешбинӣ шудааст
ТЕМУРМАЛИК, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъмиру навсозии 226 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иттилоъ доданд.
Айни замон як қатор иншоот ба истифода дода шуда, дар қисмати дигари он корҳои сохтмонӣ аз рӯи нақша идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд сохтмони биноҳои иловагӣ барои панҷ муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳаи Булакдашти Ҷамоати деҳоти ба номи Саймумин Раҳимови ин ноҳия сохтмони бинои муассисаи таълимии № 25 барои 240 ҷои нишаст аз ҷониби ҶДММ «Сафархон» идома дорад.
Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандис-биносоз» ҳамин гуна иншоотро дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ» сохта истодаанд.
Дар иншооти мазкур корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои дохили бино идома доранд. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сохтмончӣ ҷалб карда шудаанд. Баъд аз анҷоми корҳои дохили бино ба корҳои андовагарӣ ва ободонии гирду атрофи бино ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мизу курси ва дигар лавозимотӣ зарурӣ шуруъ менамоянд.
Дар маркази ноҳия сохтмони бинои шуъбаи маориф аз ҷониби ҶДММ «Мирсоз» ба роҳ монда шудааст. Сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот таъмин буда, корҳои андовагариро дар дохили бино анҷом медиҳанд. Дар корҳои сохтмонӣ 15 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Иншооти дигари ҷашнӣ — бинои Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Темурмалик” мебошад. Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар қабати дуюм идома дошта, сохтмончиён мақсад доранд, ки онро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд сохта ба истифода супоранд.
Дар маҷмуъ, дар ҳамаи иншооти ҷашнии ноҳияи Темурмалик корҳои сохтмонӣ хуб ба роҳ монда шуда, таъмири бинои таваллудхона ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншооти мазкур ҶДММ «Ёхсу» фаъолият дошт ва беш аз 60 нафар ба кор ҷалб гардида буд. Ҳоло муҷаҳҳазгардонии утоқҳои беморон, шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхона идома доранд. Ҳамзамон коргарон ба сабзу хуррамгардонии гирду атрофи бинои таваллудхона машғул мебошанд.
Дар дигар иншооти таъйиноти гуногун корҳо аз рӯи нақша ҷараён дошта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






