Ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти паркҳои саноатии Озарбойҷон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раиси Раёсати Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон Элшод Нуриев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ раиси Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи паркҳо ва минтақаҳои саноатӣ, ки дар Озарбойҷон фаъолият доранд, инчунин оид ба имтиёзҳое, ки барои соҳибкорон фароҳам оварда шудааст, маълумоти муфассал дод.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон бо фаъолияти паркҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти Парки саноати кимиёи Сумгаит ва раванди истеҳсоли корхонаи қубурҳои пӯлодӣ «Азертехнолайн» шинос шуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар бахши саноат аз ҳисоби коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳоти нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






