Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 50-уми Машварати вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан иштирок намуд

Июнь 16, 2023 16:21

ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ  дар ҷаласаи 50-уми Машварати  вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан (OSJD), ки аз 13 то 16 июни соли 2023 дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар ҷаласа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафти Созишнома дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирони роҳи оҳан ва фаъолияти созмон дар давраи солҳои 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Созмони ҳамкории роҳи оҳан ташкилоти байналмилалӣ буда, наздик  ба 30 давлат, ки аз хизматрасониҳои роҳи оҳан истифода менамоянд, аъзои он мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 аъзои ин созмон буда, дар татбиқи нақша ва барномаҳои он фаъолона иштирок менамояд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Июнь 16, 2023 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд