Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд

Июнь 21, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 июн дар шаҳри Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи байнииҷлосиявии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати ҷониби Беларус баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирон дар маҷмуъ вазъи байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба масъалаи мукаммалсозии низоми бӯҳронӣ ва ҷараёни такмили Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмон оид ба таҳкими минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон қабул гардид.

Дар доираи вохӯрӣ роҳбарони мақомоти хориҷиро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур пазируфт.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар шаҳри Минск дар остонаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд