Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт-Петербурги Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 июни соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии байналмилалии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Форуми мазкур чорабинии солонаи тиҷоратии Русия дар соҳаи иқтисод ба ҳисоб рафта, аз соли 2005 инҷониб дар шаҳри Санкт-Петербург бо иштироки Президенти Федератсияи Русия баргузор мегардад.
Иштирокчиёни Форум роҳбарони ширкатҳои бузурги Русия ва берун аз он, роҳбарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳо, муовинони сарвазир ва вазирон буда, ҳамасола дар рафти он садҳо созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Дар доираи Форум вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников баргузор гардид, ки дар он иҷрои протоколҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, тақвияти ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки Русия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии мамлакат дар ҷойи аввал қарор дорад.
Соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо 1 миллиард 674 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 321 миллион доллар ё 23,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин тамоюл дар 5 моҳи соли 2023 идома ёфта, гардиши савдои дуҷониба 16 фоиз рушд намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи созишномаҳои сармоягузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ба имзо расида, талоши бештар менамоянд.
Мусоҳибон вобаста ба сафари дарпешистодаи муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-20 июни соли 2023 пешбинӣ шудааст, изҳори омодагӣ намуданд.
Илова бар ин дар доираи чорабинии мазкур бо мақсади ҷалби сармояи Федератсияи Русия бо роҳбарони корхонаҳои саноатии ин кишвар вохӯриҳо баргузор гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






