Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар Конфронси байналмилалии «Роҳҳо ба Париж» иштирок намуд

Июнь 15, 2023 18:12

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва дастгирии Фонди ҷаҳонии муҳити зист (GEF) дар Вена Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Роҳҳо ба Париж» баргузор гардид. Дар кори он зиёда аз 200 намояндаи бонкҳои марказӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва дигар тарафҳои манфиатдори бозорҳои сармояи Осиё, Аврупо ва Африқои Шимолӣ, аз ҷумла намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Конфронс барои мушаххас намудани масирҳои нав ва омӯзиши таҷрибаи беҳтарин дар самти танзими идоракунии хавфҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, тақвияти иқтидори муассисаҳои молиявӣ ва идоракунии корпоративии иқлим зимни вокуниш ба тағйирёбии он, банақшагирии гузариш ва вусъати амалиёти молиявии сабз имконияти васеъ фароҳам овард.

Роҳбари Гурӯҳи ташкилотҳои молиявӣ дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Франсиз Малиҷе таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳим- дурнамои танзиму назорат дар пасманзари имконияту хатарҳои марбут ба иқлим, пешбурди ҳадафҳои Созишномаи Париж (Paris Agreement) тавассути ифшои маълумот оид ба иқлим ва рушди устувор ҷалб намуд.

Байни намояндагони бонкҳои марказии/миллии Аврупо, Гурҷистон, Миср, Арманистон, Марокаш, Монтенегро, Комиссияи Аврупо, Шабакаи бонкҳои марказӣ ва нозирони масоили сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS), Биржаи коғазҳои қиматноки Варшава, Шўрои байналмилалии меъёрҳои устуворӣ (ISSB), «Bank al Etihad» (ташкилоти қарзии давлати Урдун) «JP Morgan», «Goldman Sachs», Бонки Африқо, Бонки Шветсия ва Агентии танзиму назорати бонкии Туркия мубодилаи афкор доир гардид.

Масъалаҳои таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, омода намудани нақшаҳои гузариш ба иқтисоди сабз, идоракунии хавфҳо ва имкониятҳои ҷойдошта дар самти истифодаи навовариҳо ва технологияҳои иттилоотӣ, рушди бозори коғазҳои қиматноки сабз, суръатбахшии афзоиши иқтидори бозорҳои сармоягузорӣ ва қарзии сабз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ аз ҷониби муассисаҳои молиявии пешқадам баррасӣ шуданд.

Дар идомаи конфронс Бонки «Арванд» дар озмуни солонаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист ва иҷтимоӣ, афзоиши самарабахшии энергия ва муқовимат бо тағйирёбии иқлим ғолиб ва сазовори ҷоизаи нуқра гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 15, 2023 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид