Ҳайати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар минтақаи Рашт шинос гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади дар маҳал ва аз наздик дидани ҳолати зироати кишоварзӣ, нашъу намои зироат, риояи агротехникаи парвариши зироат, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва ҷараёни захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш сафари корӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Ҳангоми боздид ба масъулин ва хоҷагидорон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, ҷараёни кишти такрорӣ, обрасонӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






