«ҚАЛАМРАВИ ЗИНДАҲО ВА РАФТАГОН». Таҳти ин унвон романи нависанда Абдуғаффор Абдуҷаббор нашр гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Адиб» таҳти унвони «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон» романи нависанда, тарҷумон, драматург, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборро бо теъдоди 1000 нусха интишор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Асари мазкур идомаи мантиқию маънавӣ ва қисми интиҳоии повестҳои «Зоопарк»-у «Ҷазираи беном»-и муаллиф буда, таҳлилу таҳқиқ, дарку тасвири бадеии саҳифаҳои ҳассоси таърихи бисёрасраи шаҳри куҳанбунёд – Канобад – Конибодоми имрӯзаро, ки ҳар лаҳзааш ногусаста пайванд ба тақдири инсонҳои шарафманду сарбаланди ин диёри файзбору нодир мебошад, фаро гирифтааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






