Амали Қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳлати 6 моҳ тамдид карда шуд

Июнь 21, 2023 14:39

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ҷаласа, аз ҷумла амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳлати 6 моҳ тамдид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуда, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», Дар хусуси Мактуб-созишномаи «Тағйирот ба созишномаи қарзии №TJK-1025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд», лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Қонуни мазкур аз 2 июли соли 2021 бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ироа гардида буданд, доир ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо қабул шуда буд.

Инчунин ҷиҳати иҷрои банди 4-уми нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2022 бо мақсади аз байн бурдани монеаҳои иловагӣ аз муқаррароти Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо, аз ҷумла вобаста ба тамдиди муҳлат ворид гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки мақсади Қонун ва санадҳои зерқонунии дар асоси он қабулшуда, ташкили аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тавассути қонуни мазкур ва санадҳои зерқонунии он барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Тибқи тағйиту иловаи пешниҳодгардида, амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳлати 6 моҳ тамдид карда шуда, инчунин шаҳрвандоне, ки дар давраи амали Қонуни мазкур дороиҳо ва маблағҳои худро бе кушодани суратҳисоби махсус ва қайд намудани таъйиноту мақсад қонунӣ гардонидаанд, мавриди авф қарор дода мешаванд.

Пешниҳоди тағйироти мазкур аз он лиҳоз муҳим ҳисобида шудааст, ки дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии мазкур заминаи устувори тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ идома дода мешавад.

Тибқи маълумот, дар марҳилаи кунунӣ ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати озод гардидани маблағҳо аз иқтисоди пинҳонӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъол намудани сармоягузорӣ ба рушди соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Таҳким ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, ки имрӯз асоси бахши воқеии иқтисод, яъне 70 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 80 фоизи қисми даромадҳои буҷети давлатиро таъмин менамояд, ба маврид мебошад. Зеро, дар асоси таҳлилҳо муайян карда шуд, ки ба ҳолати феълӣ маблағи умумии тибқи Қонуни зикршуда воридгардида нисбат ба соли 2022, ки дар он давра низ чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ амал менамуд, ба андозаи 5,5 маротиба зиёд мебошад.

Аз маблағи умумии дар ин давра қонунигардонидашуда 42,3 фоизро маблағҳои аз ҳисоби сармоягузорӣ воридгардида ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, паҳлӯҳои мусбии татбиқи қонун бештар гардидани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба иқтисоди расмӣ баргардонидашудани маблағҳоро инъикос менамояд.

Бо назардошти натиҷаи мусбии болозикр ва имконияти расмикунонии бештари маблағҳо тибқи тартиби муқарраргардида тамдид намудани амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва такмили он муҳим ҳисобида шудааст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» дар Волгоград иштирок менамояд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи якчанд қонун баррасӣ карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорйев мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба муносибати 80-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд