Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн роҳбарияти вилояти Суғд бо ҳайати Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд саноати кўҳӣ рушд ёфта, як қатор корхонаҳои азим фаъолият доранд. Бо ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат бунёди корхонаҳои нав идома дошта, корҳои геологиву иктишофиро мутахассисон ба анҷом мерасонанд. Барои омодасозии мутахассисон дар вилоят Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият дошта, заминаҳои моддиву техникӣ барои тарбияи кадрҳо фароҳам аст.
Ҷониби Русия зимни суҳбат тазаккур дод, ки тибқи созишномаҳои дуҷонибаи давлатӣ дар Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Федератсияи Русия 200 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил доранд ва донишгоҳ барои таҳсили ҷавонон имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз сафари меҳмонон ба Тоҷикистон тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо Донишкадаи кўҳӣ- металургии Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба, ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии дутарафа ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил мебошад.
Мусоҳибон изҳори бовар карданд, ки муассисаҳои олии ду тараф дар оянда ҳамкории худро тақвият бахшида, барои омодасозии мутахассисони баландихтисос аз таҷрибаҳои якдигар истифода мебаранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






