«Амонатбонк» барои хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
«Амонатбонк» дар ин намоишгоҳ-ярмарка ба хатмкунандагони Донишгоҳи мазкур ва дигар корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуд.
Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби масъулини «Амонатбонк» ба иштирокдорон оид ба тартиби қабул ба кор дар ин бонк, хизматрасонӣ ва маҳсулоти гуногуни соҳавӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Доир ба тадбирҳои «Амонатбонк ва ҷавонон» фаъолияти ҷавонон дар бонк, имконияти рушду пешрафти онҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон ва шарту шароити корӣ дар бонки мазкур низ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ташкил ва баргузории чунин намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ имкон фароҳам месозад, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо намуда, бо шарту шароит ва роҳнамоиҳои ташкилоту муассисаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ шинос гарданд.
АКС: «Амонатбонк»










ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






