Антанелла Бассани: «Бонки ҷаҳонӣ дар оянда низ ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошад»

Июнь 5, 2023 12:30

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар оянда барои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад», — гуфт пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антанелла Бассани, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Антанелла Бассани изҳор дошт, ки пас аз таъйин гардидан ба вазифаи Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ бори аввал ба Тоҷикистон сафар намудааст ва он дар доираи як чорабинии таърихӣ — 30-солагии муносибатҳои шарикии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардида истодааст.

«Ҳоло мо 26 лоиҳаро ба маблағи 1,6 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ намуда истодаем», — тазаккур дод ӯ.

Дар идома Антанелла Бассани таъкид намуд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд анҷом дод, ки дар рафти он оид ба ҳамкории пурмаҳсул суҳбатҳои муфид доир шуд.

Ба гуфтаи Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антанелла Бассани, ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, обтаъминкунӣ, рушди инсонӣ, тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ, ки барои беҳбудӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

«Дар мулоқот ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омодагии худро оид ба дар оянда низ дастгирӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд. Боварӣ дорам, ки ин ҳамкорӣ барои рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат менамояд», — гуфт дар анҷом ӯ.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2023 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд