«ҶАВОНОН-ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти ин унвон дар Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ«Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» бо иштироки ғолибони озмуни стипендияи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки бо иқдомҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ гардида, яке аз ин иқдомҳо таъсиси стипендияҳои Президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки имрӯз теъдоди онҳо 3000-ро ташкил медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 маблағҳои стипендия (идрорпулӣ) тақдим карда шуд.
Ҳамзамон дар фарҷоми ҳамоиш гирандагони стипендияи Президентӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии мамлакат миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи давлат саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






