Ҷавононро зарур аст, ки ба афкори барғалати гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида, пайи омӯзиш бошанд, — бардошт аз вохӯрӣ бо донишҷӯён дар Бохтар

Июнь 13, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони масоили сиёсӣ иброз медоранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ ба ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои тундраву террористии фаъолияташон манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу дорои донишҳои нокифоя ва хурофотӣ ба доми мубаллиғони чунин гурӯҳҳои тундрав меафтад. Дар чунин вазъи пешгӯинашавандаи сиёсии ҷаҳон  ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба афкори барғалати гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида, пайи омӯзиш, азбарнамоии илму дониш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ин матлаб зимни мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид, баён шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  иттилоъ доданд, гурўҳи корӣ иборат аз масъулони соҳавии шаҳри Бохтар ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур  вохӯрӣ доир намуданд.

Маърӯзаҳои иштирокчиён мавзӯъҳои мубрами руз, аз қабили: баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ надодан ба исрофу зиёдаравиро дар бар гирифтанд.

Дар рафти вохӯрӣ гуфта шуд, ки  хурду бузурги Тоҷикистон  ҳамеша дар ёд доранд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳл набуда, иштироки тамоми қишрҳои ҷомеаро талаб менамояд.

Тавре  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.

Бо ифтихору итминон метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба  мамлакати ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 13, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид