Аз 5 то 7 июн дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мешавад
ДУШАНБЕ, 04.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 7 июни соли равон дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФБНА иттилоъ медиҳад.
Дар конфронс намояндагон аз давлатҳои муассиси ФБНА, сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Кумитаи иҷроияи ФБНА бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Дар доираи конфронс баргузории ҷаласаи Шӯрои ФБНА ва ҷаласаи чоруми Платформаи ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи ФБНА бо шарикони байналмилалии рушд дар назар аст.
Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзуъҳои «Дастовардҳо ва таҳаввулоти асосӣ дар тӯли 30 соли охир ва диди стратегӣ барои ояндаи ФБНА, муколама байни ҳавзаҳо, байни давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаъолияти ФБНА баррасӣ хоҳанд гардид.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси байналмилалӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти бузурги обии Тоҷикистон -НБО «Норак» ва «Қалъаи Ҳисор» боздид намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






