Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак расонида шуд

Июнь 29, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсулоти хӯрока,  аз ҷумла орд, равғани растанӣ, биринҷ, шакар, макарон ва нахӯд кумак расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

29 июн ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  баргузор гардид.

Роҳбарияти вилоят иштирокчиёни ҷаласаро бо вазъияти офати табиӣ, ки аз 24 то 28 июн дар ҳудуди деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа рух дода, дар натиҷаи он хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагии ноҳия зарар диданд, шинос намуд.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти чонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд ва зарар муайян карда мешавад. Гурӯҳи корӣ ба минтақаи офатзада сафар намуд.


Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июни соли равон Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ, Агентии гидрометеорология ба минтақаи аз офати табиӣ зарардида сафарбар карда шуд. Ситоди ҷумҳуриявии таъсисдода оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба кор шурӯъ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа

Июнь 29, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид