БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ишкошим дар 80 иншоот корҳо бо мароми тоза идома дорад
ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади вусъати корҳо дар иншооти сохташаванда ва бо сифату дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонидани онҳо роҳбарияти ноҳия бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ суҳбат намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Иброз карда шуд, ки нақшаи тасдиқгардида 104 бандро дар бар гирифта, маблағи умумии пешбинишуда 165 миллиону 71 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 20 иншоот ё худ 19,2 фоиз ба маблағи умумии 80 миллиону 204 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ишкошим, 30 иншоот ё 28,8 фоиз аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба маблағи 74 миллиону 228 ҳазору 200 сомонӣ, 54 иншоот, яъне 52 фоиз аз ҳисоби ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорон ба маблағи 10 миллиону 639 ҳазор сомонӣ мебошад.
Дар ҳудуди ноҳия сохтмони 10 дидбонгоҳи сарҳадӣ аз ҷониби вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия ҳоло зиёда аз 10 ширкат ба сохтмони иншооти таъйиноти гуногун машғул буда, дар 80 бино корҳо идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






