БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ишкошим дар 80 иншоот корҳо бо мароми тоза идома дорад

Июнь 3, 2023 14:14

ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади вусъати корҳо дар иншооти сохташаванда ва бо сифату дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонидани онҳо роҳбарияти  ноҳия бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ суҳбат намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Иброз карда шуд, ки нақшаи тасдиқгардида 104 бандро дар бар гирифта, маблағи умумии пешбинишуда 165 миллиону 71 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 20 иншоот ё худ 19,2 фоиз ба маблағи умумии 80 миллиону 204 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ишкошим, 30 иншоот ё 28,8 фоиз аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба маблағи 74 миллиону 228 ҳазору 200 сомонӣ, 54 иншоот, яъне 52 фоиз аз ҳисоби ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорон ба маблағи 10 миллиону 639 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия сохтмони 10  дидбонгоҳи сарҳадӣ аз ҷониби вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд,  ки дар ҳудуди ноҳия ҳоло зиёда аз 10 ширкат ба сохтмони иншооти таъйиноти гуногун машғул буда, дар 80 бино корҳо идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Июнь 3, 2023 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд