Байни Тоҷикистон ва Корея имконияти зиёди ҳамкорӣ мавҷуд буда, истифодаи самараноки он ба манфиати ҳар ду давлат аст

Июнь 19, 2023 14:12

ДУШАНБЕ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти иқтисодӣ ва фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея бо доираҳои соҳибкорию сармоягузории Корея муаррифӣ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Корея иштирок намуданд.

«Ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, муаррифии фазо ва имкониятҳоии сармоягузории Тоҷикистон, густариши равобити тиҷоратӣ байни ду давлат ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақим байни бахши хусусӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Корея аз ҳадафҳои асосии Форум мебошад», — гуфт дар маросими ифтитоҳи Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода.

Мавсуф афзуд, ки ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ беш аз пеш густариш меёбад, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Таъкид шуд, ки байни Тоҷикистон ва Корея то ҳанӯз имкониятҳои бузурги истифоданошуда хеле зиёд аст ва дар оянда самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда ба манфиати ҳар ду давлат хоҳад буд.

Дар Форум инчунин доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва рушди соҳикборӣ, таъсиси корхонаҳои муштараким саноатӣ ибрози назар карпда шуд.

Ба доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Корея фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиянок, аз ҷумла, саноат, энергетика, бонкдорӣ, сайёҳӣ муаррифӣ гардид.

Дар доираи Форум вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Интизор меравад, ки ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар ҳошияи Форум аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва минтақаҳои саноатии Тоҷикистон дидан намояд.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд