Фаъолияти «Равзанаи ягона» дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баррасӣ карда шуд

Июнь 16, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба фаъолияти Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои беҳтар намудан ва ҷалбсозии субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба институти «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аҳли тиҷорат масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук фаъолият менамояд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятиву машваратӣ муосидат дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёстаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.

Роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Равзанаи ягона» Лочин Файзуллозода фаъолияти низоми «Равзанаи ягона», субъектони ба ин низом шомилшударо рўнамоӣ намуд.

Ҳамзамон коршиноссони байналмилалӣ вобаста ба афзалиятҳои институти Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ва таҷрибаи давлатҳои Аврупо дар ин самт, роҳҳои рушди институти Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасигардида табодули назар намуданд. Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар оянда бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар фаъолияти минбаъдаи Шӯро истифода бурда шавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июнь 16, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем