«БЕҲТАРИН МУТАХАССИСИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР СОЛИ 2023». Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар озмун дар номинаи хизматчии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ғолиб шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Тағоев ғолиби Озмуни байналмилалии «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» дар номинаи хизматчии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гардида, бо Дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома қадрдонӣ шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» барои муайяннамоии беҳтарин мутахассисону кормандон байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» аз рӯи 21 номина озмун баргузор гардида буд.
Дар ҷамъбасти озмун Парвиз Тағоев дар номинаи хизматчии давлатӣ ва хизматчии ҳифзи ҳуқуқи озмуни мазкур беҳтарин дониста шуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






