Бинобар боришоти зиёд дар минтақаи Владивосток ҳолати фавқулода эълон гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти минтақаи федералии Шарқи Дури Федератсияи Русия — шаҳри Владивосток бинобар сабаби боришоти зиёд ва ба амл омадани сел ҳолати фавқулода эълон карда шуд. Дар ин хусус дирӯз дар саҳифаи иҷтимоии раиси шаҳри Владивосток Константин Шестаков хабар нашр гардидааст.
Дар давоми камтар аз 24 соат дар шаҳри Владивосток борони аз меъёри муқаррарӣ зиёд ба амал омад, ки барои бартараф кардани оқибатҳои он 370 миллион рубл маблағ зарур гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз ҳама бештар ба инфрасохтори шаҳр, хусусан роҳҳои мошингард хисороти ҷиддӣ расонида шудааст. Мутахассисон аллакай барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ шуруъ намуданд.
АКС: Агентии иттилоотии «Синхуа»








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






