Бинобар боришоти зиёд дар минтақаи Владивосток ҳолати фавқулода эълон гардид

Июнь 10, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти минтақаи федералии Шарқи Дури Федератсияи Русия — шаҳри Владивосток бинобар сабаби боришоти зиёд ва ба амл омадани сел ҳолати фавқулода эълон карда шуд. Дар ин хусус дирӯз дар саҳифаи иҷтимоии раиси шаҳри Владивосток Константин Шестаков хабар нашр гардидааст.  

Дар давоми камтар аз 24 соат дар шаҳри Владивосток борони  аз меъёри муқаррарӣ зиёд ба амал омад, ки барои бартараф кардани оқибатҳои он 370 миллион рубл маблағ зарур гардидааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки аз ҳама бештар ба инфрасохтори шаҳр, хусусан роҳҳои мошингард хисороти ҷиддӣ расонида шудааст. Мутахассисон аллакай барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ шуруъ намуданд.

АКС: Агентии иттилоотии «Синхуа»

Июнь 10, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд