Бо шарофати Сарвари оқил сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, қотеияту матонат ва ҳисси баланди масъулият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ байни мардум муваффақ гарданд». Ин нукта дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид, таъкид шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумурки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд
Гуфта шуд, ки сарфи назар аз мушкилӣ, монеаҳои даврони аввали соҳибистиқлолӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат натиҷаҳои назаррас фароҳам омад.
Иштирокдорон дар мавзуи ваҳдати миллӣ, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маърӯза намуда, иброз доштанд, ки ки раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокориву ҷуръати махсусро талаб менамуд, ки ба бахти миллат Сарвари сазовораш дорои чунин хислатҳои олӣ буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобгашта созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оваранд. Бо шарофати Сарвари оқил сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.
Таъкид шуд, ки ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ, ки дар қиёс ба таърихи дигар ҷангҳои шаҳрвандии ҷаҳонӣ дар фурсати кӯтоҳтарин ба даст омад, маҳаки омӯзиши на танҳо созмонҳои байналмилалӣ, балки аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Воқеан, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсаҳои ҳаёт оғоз бахшид. Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин сарвати мардумамон мебошад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






