Бо шарофати Сарвари оқил сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд

Июнь 27, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, қотеияту матонат ва ҳисси баланди масъулият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ байни мардум муваффақ гарданд». Ин нукта дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид, таъкид шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумурки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук  иштирок намуданд

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз мушкилӣ, монеаҳои даврони аввали соҳибистиқлолӣ  бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва  дар таъмини  рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат  натиҷаҳои назаррас фароҳам омад.

Иштирокдорон дар мавзуи ваҳдати миллӣ, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маърӯза намуда, иброз доштанд, ки ки раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокориву ҷуръати махсусро талаб менамуд, ки ба бахти миллат Сарвари сазовораш дорои чунин хислатҳои олӣ буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобгашта созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оваранд. Бо шарофати Сарвари оқил сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.

Таъкид шуд, ки ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ, ки дар қиёс ба таърихи дигар ҷангҳои шаҳрвандии ҷаҳонӣ дар фурсати кӯтоҳтарин ба даст омад, маҳаки омӯзиши на танҳо созмонҳои байналмилалӣ, балки аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Воқеан, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсаҳои ҳаёт оғоз бахшид. Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин сарвати мардумамон мебошад.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст