Бонки Осиёии рушд ба таъмири мавзеи таърихии Аҷинатеппа таваҷҷуҳ зоҳир намуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз мавзеи таърихии Аҷинатеппа боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Иттиллоъ дода шуд, ки Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият дошт.
Аҷинатеппа аз маркази шаҳри Бохтар 13 км дар Ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан «Аҷина-теппа» набуда, ин унвон солҳои 1940 ба он дода шудааст.
Тибқи ривояти мурдуми маҳал, солҳои 1940 дар натиҷаи боришот як ҷойи теппа фурӯ рафта, сурохие ба вуҷуд омадааст. Нафаре аз ин деҳа вориди сурохӣ шуда, Буддои якпаҳлӯ хобрафтаро дар ҳолати нирвана мебинад.
Тазаккур дода шуд, ки баъдан мардуми деҳа ин маконро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта «Аҷина-теппа» номгузорӣ намудаанд. Айни ҳол мавзеи мазкур ба таҳқиқи амиқ ниёз дорад.
Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава ҷиҳати таъмир ва ба пойгоҳи сайёҳӣ табдил додани ин макон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки метавон дар натиҷаи корбарии хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд






