«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Бонуи ҳунар» бо фарогирии 60 духтару зани ҷавон аз оилаҳои ниёзманд даврҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва гулдӯзиро оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.
Ба касбомӯзон тӯли як моҳ аз ҷониби ҳунармандони чирадаст санъати дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ омӯзонида шуда, баъди хатми даври мазкур ба онҳо шаҳодатномаи касбӣ супорида мешавад.
Даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бори ёздаҳум аст, ки бо фарогирии 680 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманди пойтахт ташкил гардида, устодони ботаҷриба ҳунарҳои қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ ва инчунин қолинбофиву гулдӯзиро ба касбомӯзон меомӯзонанд.
Дар ҷамъбасти давр ба соҳибкасбон барои фаъолияти минбаъдаашон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи касбӣ супорида шуд.
Ҳадафи асосии даври мазкур- соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус барои занону ҷавондухтарон мебошад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






