Дабири кулли СММ ба идоракунии самараноки коинот даъват намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Идоракунии самарабахши фазои кайҳон барои манфиати тамоми инсоният зарур аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар муқаддимаи ёддошти таҳлилии «Барои тамоми инсоният – ояндаи идоракунии кайҳон», ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, изҳор доштааст.
«Манфиати умумии мо ба ҳифзи фазои кайҳон, сарвати башарият, ки ба ҳамаи мо манфиат оварда, ҷавобҳои уҳдабароёна ва бисёрҷонибаи идоракунӣ талаб менамояд, марбут аст», — таъкид намуд ӯ.
Тибқи ҳисобот, тайи 10 соли охир дастрасии инсоният ба фазои кайҳон ва фаъолият дар он ба таври куллӣ тағйир ёфтааст, омилҳои мутаҳаррике, ки дар асоси чунин тағйирот қарор доранд, даҳсолаҳои оянда, эҳтимол, афзоиш ёбанд.
Ба сифати далели тағйироти бесобиқа се нишондиҳанда ном бурда мешавад: шумораи ҷисмҳои кайҳонии ба фазо бароварда, иштироки бахши хусусӣ ва уҳдадориҳои субъектҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати баргаштан ба кайҳони дур ва таъмини ҳузури дарозмуддат дар он.
Тағйироти табаддулотӣ дар баробари доштани имконият ҳамчунин хатар доранд. Муаллифон зарурати рушди минбаъдаи соҳаи идоракуниро барои суръатбахшии устувори инноватсия ва кашфиёт, инчунин ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.
Дар ҳуҷҷат тавсияҳои Котиби генералии СММ оид ба истифодаи иқтидори фазои кайҳон оварда шудааст. Аз ҷумла, ӯ аз Кумитаи СММ оид ба истифодаи фазои кайҳон даъват намудааст, ки бо мақсади осоишта режими ягонаи устувории кайҳонро таҳия намояд.
Илова бар ин, кумита метавонад эҳтимоли таҳияи сохторҳои нави идоракуниро барои соҳаҳои гуногуни устувории кайҳон, аз қабили идоракунии ҳаракати кайҳон, бартараф кардани партовҳои кайҳонӣ ва кор бо захираҳои кайҳонӣ баррасӣ намояд.
«Мо масъулияти муштаракро барои риояи пурраи ҳуқуқҳои мавҷудаи байналмилалии кайҳонӣ ва идоракунии босамарро ҷиҳати пешбурди инноватсия ва коҳиш додани хатарҳо бар дӯш дорем», — таъкид менамоянд муаллифони ёддошти таҳлилӣ.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст






