Дар Академияи идоракунии давлатӣ нақши Пешвои миллатро дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа беназир арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн бо ибтикори бахши кор бо занон ва духтарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» соли 2023 ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи занон ва марҳилаҳои навини Ваҳдати миллӣ» доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки занону духтарони тоҷик ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ба давраи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд, аз худ матонату шуҷоат ва хирадмандиву зиракӣ нишон дода, ҳамеша дар татбиқи сиёсати давлатии пешигирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат пешсаф ба ҳисоб мерафтанд.
Таъкид шуд, ки занону духтарони ҷумҳурӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолона хизмат менамоянд.
Гуфта шуд, ки танҳо дар сафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 15 нафар занон ҳамчун вакил фаъолият мекунанд, ки ин худ гувоҳ аз мавқеи баланди зан дар ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки тайи 26 соли Ваҳдати миллӣ занону бонувон аз шумори қишри пешсафи аҳолӣ буданд, ки дар таҳким ва ҳифзи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҳиссагузор гардиданд. Зеро маҳз зан-модар бо дили нозуку хиради азалии хеш дар тамоми давраҳои мавҷудияти башар наҷотбахши инсоният ба шумор мерафт. Дар ин росто роҳбарияти мамлакат низ садоқату муҳаббат ва самимияти занонро ба давлату Ҳукумат эҳсос намуда, ҳамасола ҷиҳати баландтар бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа талош менамоянд.
Дар ҳамоиш баромадкунандагон ҳозиринро ба муҳаббату садоқат ва эҳтиром нисбат ба арзишҳои Ваҳдату осудагӣ ва Истиқлоли давлатӣ даъват намуда, изҳор доштанд, ки танҳо ҳифзи якпорчагии мамлакат ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ метавонад, мамлакатро ба сӯйи ояндаи босубот раҳнамун созад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар хизмати давлатии Тоҷикистон 25 дарсад занону духтарон фаъолият намуда, 20 дарсади кадрҳои роҳбарикунандаро маҳз онҳо ташкил менамоянд. Ҳамаи ин дастовардҳо ва мавқеи кунунии бонувон аз дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.
Дар хотимаи чорабинӣ байни ҳозирин оид ба масъалаҳои марбут ба мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, муаммоҳои кору фаъолият дар байни занон ва нақшашон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҳозирин ба саволҳои худ аз мутахассисону коршиносон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид






