Дар Амрико бар асари гирдбоди харобиовар беш аз 20 нафар осеб диданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар иёлати Миссисипи Амрико бар асари чанд гирдбоди харобиовар як нафар ҳалок ва беш аз 20 нафар маҷруҳ шуданд, хабар медиҳад Агентии байналмилалии иттилоотии «Kazinform» бо истинод ба «Euronews».
Шаҳраки Луин хисороти бештар дидааст. Аз наворҳо ва аксҳое, ки аз ҳаво гирифта шудаанд, харобазор, хонаҳои валангор ва дарахтони решаканшуда дида мешаванд. Дар шаҳри Мосс-Пойнт низ, ки аз гирдбод осеб дидааст, ҳафт нафар дар дохили бинои бонк дармондаанд. Наҷотдиҳандагон ба кумаки онҳо омаданд.
Гурӯҳҳои фаврӣ хисоротро арзёбӣ менамоянд ва дар баъзе минтақаҳо бинобар канда шудани хатҳои барқ ҳавопаймоҳои бесарнишин сафарбар карда шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки роҳҳо ва дигар зерсохторҳо хароб гардидаанд.
Дар қисмати марказии Миссисипи беш аз 49 ҳазор хона бар асари шамоли сахт бе барқ монданд.
АКС: Euronews








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






