Дар Бадахшон чорабинии «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 16 то 23 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустиву варзишӣ ва суҳбату вохўриҳо бо сокинон таҳти унвони «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» идома доранд. Дар доираи ин чорабиниҳо, аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои фарҳангии дастаҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои Театри давлатии ба номи М. Воҳидов ва Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 ва 16 июни соли равон барномаҳои консертии ҳунармандони Филармония давлатии ба номи А. Ҷӯраев, ансамбли эстрадии «Гулшан», ансамблҳои рақсӣ дар қисми низомӣ ва байни мардуми санъатдӯсти ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.
Мардуми сарбаланди ноҳия аз барномаҳои таҳиянамудани ҳунармандон гарму самимӣ истиқбол намуда, бо шукргӯзорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати мамлакат дар ҳавои суруду таронаҳои ҳунармандон мерақсиданду хушҳолӣ мекарданд.
19 июн дар ноҳияи Мурғоб ва 23 июн дар шаҳри Хоруғ низ чунин барномаҳои бошукуҳи консертӣ доир мегарданд.
Барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят идома дошта, дар назар аст, ки дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа низ баргузор гарданд.
21 июн дар ноҳияи Ишкошим ва 22 июн дар шаҳри Хоруғ Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ намоиши “Зан ва дузд”-ро манзури тамошобинон хоҳад намуд.
23 июн дар шаҳри Хоруғ баргузории мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо роҳбарони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва собиқадорони вилоят ва ҳамчунин Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он дар назар дошта шудааст».
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






