Дар беморхонаҳои марказии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ бо беморон оид ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ суҳбат доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолият ва рафти хизматрасонии тиббии беморхонаҳои марказии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаҳои мазкур бо як зумра беморон суҳбат намуда, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд. Беморон оид ба тарзи муносибати табибон, сатҳи хизматрасонии тиббӣ изҳори андеша намуда, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти беморхонаҳо таклифу пешниҳод намуданд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бартараф сохтани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба роҳбарияти беморхонаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






