Дар Бохтар масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби сармояи Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби сармояи Чин 14 июн дар мулоқоти Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ҳадафи асосии ин вохӯрӣ бунёди корхонаҳои саноатӣ дар миқёси вилоят дар доираи ҳамкории судманд ва амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 36 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва 60 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят истеҳсол мегардад.
Таъкид гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ҳамкории судманд тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин корбарӣ менамояд.
Дар вилоят корхонаҳои саноатии истеҳсоли сементи хушсифат ва сафолакҳои ороишӣ фаъолият дошта, дар таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори холӣ мусоидат менамоянд.
Соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бунёди корхонаи коркарди пусту пашм ва меваю сабзавот ибрози назар намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати таҳрезӣ намудани нақшаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон андешаҳо баён гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»/Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






