Дар Чин омӯзиш барои кормандони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз намуд

Июнь 14, 2023 15:35

ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардуми Чин омӯзиш барои кормандони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Интернет + профсоюз» оғоз гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» София ШОИК аз шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардуми Чин хабар медиҳад.

Дар омӯзиш кормандони иттифоқҳои касаба аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ нахуст роҳбарияти шуъбаи сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодии кафедраи савдои музофоти Хунан иброз намуд, ки дар айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки Чин ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ шартномаи ҳамкориро дар тамоми самтҳо, аз қабили фарҳанг, маориф, сайёҳӣ ба имзо расонида, ҳамасола нақшаи ҳамкории илмиву фарҳангиро таҳия менамоянд.

Мавзуи омӯзиши имрӯза барои кормандони иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ ҳамкории зич ва муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳоро ифода карда, қосиди сулҳу дустӣ, пешрафт ва рушд мебошад.

Бояд гуфт, ки омӯзиши мазкур аз 14 то 20 июни соли равон идома меёбад. Ин давраи омзӯшӣ аз баррасии мавзуи «Инноватсия ва инъикоси кори иттифоқҳои касаба дар заминаи Интернет» оғоз гардида, баъдан мавзуъҳои дигари мавриди назар муҳокима хоҳанд шуд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2023 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад