Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз шуд

Июнь 7, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/ Дар деҳаи Нақшбандони  Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз бахшиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аз ҷониби  сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси деҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Соҳибкорони маҳал нақша доранд, ки дар марҳилаи дуюм, соли 2023 як км роҳи дигарро мумфарш намоянд.

Дар маҷмуъ, соли 2023 дар ҳудуди деҳоти 10-солагии Истиқлолият  корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза дошта, зиёда аз 12 км роҳи байнидеҳавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва  сокинону соҳибкорони деҳот пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.

Дар ин росто сокинон ният доранд, ки то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳотро пурра таъмиру азнавсозӣ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 7, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд