Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид

Июнь 27, 2023 15:47

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ  бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши  идона таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – асоси пойдории миллат» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши идона иштирокдорон  дар бораи хизматҳои бузург,  қаҳрамониҳои мондагору беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва Истиқлолу Ваҳдати миллӣ  ибрози андеша намуданд.

Дар идома аз ҷониби раёсат, кормандон ва омӯзгорони Донишгоҳ  намоиши  бошукўҳи ватандӯстӣ — фарҳангӣ, ки фарогири маърӯзаву шеърҳо дар васфи Ватан- Модар, Парчам, Истиқлолу Ваҳдат, суруду рақсҳои зебои тоҷикиву хориҷӣ ва суолу ҷавоб дар мавзӯъҳои гуногун буд, пешниҳоди ҳозирин гардид. Ба  ғолибон  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар моҳи июн силсилачорабиниҳо таҳти унвони «Моҳвораи Ваҳдати миллӣ» доир шуд.

Дар асоси нақша — чорабиниҳои донишгоҳӣ бо мақсади таҷлили сазовори Ваҳдати миллӣ давоми як моҳи охир аз тарафи Донишгоҳ дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи илмӣ, тарбиявӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки сокинони пойтахт, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Июнь 27, 2023 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст