Дар Донишгоҳи иқтисодию технологии Туркия ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

Июнь 14, 2023 16:47

ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи TOBB ETÜ барои донишҷӯён чорабинӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим , аз ҷумла  «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва «2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни чорабинӣ намояндагони ду ҷониб, аз ҷумла Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия, устодони риштаи энергетикаи донишгоҳ, инчунин масъулини Идораи давлатии кор дар соҳаи об (DSİ) ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Инчунин, 9 июн вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия бо ректори Донишгоҳи иқтисодию технологии Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Юсуф Саринай баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории  Тоҷикистону Туркия дар соҳаи маориф ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани равобити мутақобилан судманд байни донишгоҳи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон иброз намуданд.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2023 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд