Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии Аминҷон Шукӯҳӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конференсияи мазкур роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, шоирону адибон, аҳли илму фарҳанг, омӯзгорони муассисаҳои олии таълимии мамлакат, донишҷуён ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Иштирокчиён оид ба таҷлили пайвастаи чунин чорабиниҳои фарҳангию адабӣ, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба шахсиятҳои хизматнишондодаи миллат башорат медиҳад, андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ бо ашъори ҳикматбори худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст. Ӯ дар фаъолияти эҷодии худ сабку услуби хосаро пайдо намуда, бо таълифи асарҳои назмиву насриаш ҷомеаро ба сӯи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ ва талқини дӯстиву рафоқат роҳнамоӣ менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки шоир, нависанда, драматург ва мунаққиди хизматнишондода дар фазои илму адабиёти тоҷик бо фаъолияти ибратомӯзаш мактаберо мемонад, ки барои насли имрӯзу оянда, хусусан барои аҳли эҷод манбаи омӯзишу сабақи маърифати хештаншиносӣ ва тақвияти маҳорати шеъргӯиву нависандагӣ мебошад.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки Аминҷон Шукӯҳӣ ҳамчун публитсист бо таълифи асару мақолаҳои илмиву интиқодиаш дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи замони худ нақшгузор буда, бо пешниҳоди афкори ҳадафрасу созандааш баҳри рушди фарҳангу адабиёт ва пешрафти Ватану миллат саҳми назаррас гузоштааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






