Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Телевизиони таълимӣ ба фаъолият оғоз намуд

Июнь 17, 2023 12:20

ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 17 июн дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ Телевизони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур.

Дар маросими кушодашавии Телевизони таълимӣ  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Қобилҷон Хушвахтзода ва дигарон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Телевизиони  таълимии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси Телевизиони таълимӣ  баланд бардоштани фаъолияти амалии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва омода намудани журналистон  дар соҳаи телевизион  мебошад. Дар студияи мазкур дарсҳои амалии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир  карда мешавад, ки барои малакаи корӣ пайдо намудани донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ ва таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд.

Телевизиони таълимӣ мутобиқ ба талаботи замон бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар оянда фаъолияти телевизиони мазкур ҳамчун базаи моддиву техникӣ барои тамоми устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ хизмат менамояд.

Изҳори итминон карда шуд, ки Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оянда барои беҳтару хубтар гардонидани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар муаррифии Тоҷикистон бо ихтисосҳои гуногун аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни соҳибистеъдод ҷалб гардида, вобаста ба мавзуъҳои рӯзмарра дастоварду пешрафти тамоми соҳаҳоро инъикос менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2023 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд