Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас ҷамъбаст гардид

Июнь 12, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас ва намоиш — фурӯши он баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва ҳунармандони моҳир аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иштирокдорон, сайёҳон ва сокинони пойтахт аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, растаҳои атласу адрасбофӣ дидан намуда, инчунин аз тамошои барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ болидаруҳ гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас ва намоиш- фурӯши он ҳунармандони моҳири вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, намунаҳои гуногуни матоъҳо, либосҳои миллӣ ва ҳамёну сумкаҳои аз атласу адрас омодагаштаро пешниҳоди тамошобинон гардониданд.

Намоиши либосҳои миллии аз матои атласу адрас, ки аз ҷониби тарроҳон омода гардида буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.


Дар фарҷоми чорабинӣ шахсони ташаббускору фаъол бо «Диплом», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳову дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки масъулини баргузории ин Фестивал вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошанд.

Ҳадафи Фестивал ташвиқу тарғиби матои атласу адрас ва муаррифии имкониятҳои ресандагиву бофандагии мамлакат маҳсуб ёфта, шартҳои асосии Фестивал ин роҳандозии ҳамкории эҷодӣ ва истеҳсолӣ байни тарроҳон ва истеҳсолкунандагони матоъҳои ватанӣ арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон Фестивали мазкур ба тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба меҳнати ҳунармандон, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси истеҳсолшуда, муайян намудани истеъдодҳои нав ва чирадастони моҳир мусоидат менамояд.


Имрӯзҳо дар корхонаи «Атласи Хуҷанд», зиёда аз 50 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки машҳуртарини онҳо бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Тирукамон», «Гулханд», «Хосиятхон» ва дигарҳо номгузорӣ шудаанд.

Атласу адрас маҳсули меҳнати дастӣ, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ, зебоипарастӣ ва завқи бадеии мардум бо зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атласу адраси худ маъруф буд. Матоъҳои нафису тааҷубовар ва нақшу нигор намудаи миллати тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Ғарб серхаридор буданд.

Тарзи тайёр ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас басо куҳан буда, пайдоиши ин матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии халқи тоҷик сарчашма мегирад.

Матоъҳои атласу адрас рангаю сернақшу нигор буда, аз рӯзи пайдоиш то замони муосир мавқеи хоси худро гум накардаанд ва дар байни газворҳои дигар матои атлас ҳамчун «шоҳи матоъҳо» эътироф гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи дуюми моҳи июн дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузории Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он ба нақша гирифта шудааст.

 

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад