Дар Душанбе доир ба мавзуи таъсири муҳити оилаи солим ба тарбияи кӯдак конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар мавзуи «Дар муҳити оилаи солим ба воя расидани кӯдак» конфренсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, адлия, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии СММ дар Тоҷикистон, дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) , Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва масъулин иштирок намуданд.
Дар конференсия иброз гардид, ки ҳамасола 1 июн дар мамлакат Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҳсуб мешавад. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба насли ояндаи миллат диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Ҳамзамон баён гардид, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1949 бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё гузаронида шуд. Инчунин вобаста ба санаи мазкур аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шуд, ки «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъул мебошанд».
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввалини ташкилшавии худ ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро 25 ноябри соли 1993 эътироф намудааст.
Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» барои татбиқи талаботи ин конвенсия дар ҷумҳурӣ қабул карда шуд, ки талаботи он пурра дар амал татбиқ шуда истодааст. Вазорати маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти махсус дода, ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамояд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






