Дар Душанбе доир ба мавзуи таъсири муҳити оилаи солим ба тарбияи кӯдак конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Июнь 2, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар мавзуи «Дар муҳити оилаи солим ба воя расидани кӯдак» конфренсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм,  адлия, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо занон ва оила, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии СММ дар Тоҷикистон, дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) , Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  ва масъулин иштирок намуданд.

Дар конференсия иброз гардид,  ки ҳамасола 1 июн дар мамлакат  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҳсуб мешавад. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба насли ояндаи миллат диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор карда мешавад.

Ҳамзамон баён гардид, ки  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1949 бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё гузаронида шуд. Инчунин вобаста ба санаи мазкур аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шуд, ки «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъул мебошанд».

Бояд гуфт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввалини ташкилшавии худ ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро 25 ноябри соли 1993 эътироф намудааст.

Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» барои татбиқи талаботи ин конвенсия дар ҷумҳурӣ қабул карда шуд, ки талаботи он пурра дар амал татбиқ шуда истодааст. Вазорати маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти махсус дода, ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамояд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд