Дар Душанбе масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва муҳофизати техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар доираи курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза-мубоҳиса баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар курси мазкур раисони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристони вилояти Суғд, Леваканд, Данғара, Фархор, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт, Лахш, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ — Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои андоз, меъморӣ ва сохтмон, телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, агентиҳои захираҳои моддии давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ иштирок доранд.
Мақсад аз баргузории курси мазкур беҳтар намудани сифати хизмати давлатӣ ва тавсеа бахшидани идоракунии давлатӣ ва низоми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи касбӣ ва ихтисосмандии хизматчиёни давлатӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он ба шунавандагон — ходимони давлатӣ ва кормандони мақомоту идораҳо ва вазорату идораҳо доир ба мавзуъҳои муҳимтарини идоракунии давлатӣ дар замони муосир дарс мегӯянд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар хотимаи курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳномаҳо тақдим карда мешавад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






