Дар Душанбе масъалаи таҷдиди роҳи мошингарди «Гулистон-Фархор-Панҷ –Дӯстӣ» баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи нави ҳамкории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд /БИР/ дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати БИР таҳти роҳбарии Директори минтақавии он дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат хабар медиҳад, ки ҳамзамон мусоҳибон масъалаҳои ҳамкории вазорат бо БИР ва маблағгузории лоиҳаҳоро баррасӣ намуданд.
Масъалаҳои муҳокимашуда ба таҷдиди роҳи мошингарди «Гулистон-Фархор-Панҷ –Дӯстӣ», аз ҷумла қитъаи якуми он аз деҳоти Гулистон то ноҳияи Фархор рабт дошт.
Вазири нақлиёт тазаккур дод, ки роҳи мошингарди «Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ», ки аз ҷониби БИР маблағгузорӣ карда мешавад, ҷузъи шоҳроҳи байналмилалие аст, ки барои баромадан ба кишварҳои дорои дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ шароити хуб фароҳам меорад.
Таъкид шуд, ки роҳи мазкур аз аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ бархурдор буда, ба густариши мусофирбарию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат менамояд.
Иброҳим Шукрӣ аз фаъолияти МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ» изҳори қаноамандӣ карда, баён дошт, ки БИР ҷиҳати таҳкими захираҳои кории Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар омӯзиши усулҳои нави роҳсозӣ, ки ба наздикӣ барои харид, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳо қабул карда шуд, мушовири байналмилалӣ ҷудо мекунад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






