Дар Душанбе масъалаи татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда байни Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии авруосиёӣ баррасӣ гардид

Июнь 8, 2023 08:48

ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии авруосиёӣ Ивлиев Григорий баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин идомаи татбиқи барномаҳои дахлдор доир ба тақвияти иқтидори кадрии коршиносони соҳа ва мубодилаи таҷриба дар ин самт, дастгирии паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда табодули андеша сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви муҳими Ташкилоти патентии авруосёгӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамгироии авруосиёгӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2023 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад